Ваҳдати миллӣ – кафили истиқлол ва шукуфоӣ
27-уми июн дар таърихи навини миллати тоҷик ҳамчун санаи муборак ва сарнавиштсоз сабт гардидааст. Рӯзи Ваҳдати миллӣ рамзи иттиҳоду ҳамбастагӣ, дӯстиву бародарӣ ва ояндаи ободу осоиштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин рӯйдоди бузурги таърихӣ ба низои шаҳрвандӣ дар кишвар хотима бахшида, барои оғози марҳилаи нави рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа заминаи устувор гузошт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аҳамияти Ваҳдати миллӣ чунин таъкид намудаанд:
«Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст».
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба музокироти сулҳи тоҷикон, ки аз соли 1994 оғоз гардида буд, анҷоми муваффақона бахшид. Ин санади таърихӣ на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузошт, балки заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсиро барои таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва рушди устувори ҷомеа фароҳам овард.
Боиси ифтихор аст, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат 27-уми июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид. Аз рӯзҳои аввали роҳбарии давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми неру ва тавоноии худро баҳри барқарор намудани сулҳу субот, таъмини оромиву осоиштагӣ ва сарҷамъии миллат равона намуда, ҳамчун меъмори сулҳи тоҷикон дар таърихи кишвар мақоми арзанда касб карданд.
Маҳз бо талошҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат халқи тоҷик ба ҳадафи бузурги таърихии худ — Ваҳдати миллӣ ноил гардид. Аз ҳамин ҷост, ки мафҳумҳои Сулҳ, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ имрӯз барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон арзишҳои муқаддас ба ҳисоб мераванд.
Дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ Тоҷикистон тавонист дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Бунёди роҳҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва эҳёи фарҳанги миллӣ маҳз самараи сулҳу ваҳдат мебошанд.
Имрӯз таҷрибаи сулҳофарӣ ва ваҳдатсозии Тоҷикистон ҳамчун намунаи нодири ҳалли мусолиматомези низоъҳо дар сатҳи байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор дорад. Ин дастоварди таърихӣ собит месозад, ки танҳо тавассути ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва ваҳдат метавон ҷомеаро ба сӯи пешрафт ва шукуфоӣ роҳнамоӣ кард.
Ваҳдати миллӣ омили асосии рушди босуботи мамлакат, кафили иқболу саодати мардум ва пойдории давлат мебошад. Ин арзиши муқаддас дар баробари сулҳу амният, фарҳангу маърифат, ватандӯстиву худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ҷойгоҳи хос дорад. Зеро маҳз ваҳдат сарчашмаи ҳамаи дастовардҳо, ободкориҳо ва пешрафтҳои ҷомеа мебошад.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ рамзи саодат, сарҷамъӣ ва пирӯзии хиради миллӣ аст. Ин санаи таърихӣ моро водор месозад, ки баҳри ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафти Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.
Зинда бод Ваҳдати миллӣ! Поянда бод сулҳи тоҷикон!